Точики   Русский   English  
    Дар бораи бонк

    Хизматрасониҳо

      Дар бораи бонк
Таърих
Вазифа ва мақсадҳо
Роҳбарият
Саҳмдорон
Ҳисоботи солона
Натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ
Иттилоот дар бораи маблағгузорон
Реквизитҳои бонк
Филиалҳои бонк
Намояндагиҳо дар хориҷа
Мансаб дар бонк
Робитаҳои тарафайн
Тендерҳо ва озмунҳо
Архив
Мукофотҳои бонк



Шумо аз кучо иттилоот оиди бонкхоро дастрас менамоед?
аз телевизион
аз радио
аз нашрияхои чопи
аз таблиготи беруни


Результаты


ТАЪРИХ

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд.

Дар ибтидои солҳои сиюм дар мамлакат бонкҳои махсусгардонидашудаи маблағгузориҳои дарозмуддат, аз ҷумла Бонки маблағгузорӣ ва қарздиҳии сохтмони асосӣ, саноат, нақлиёт ва алоқа – Промбанк, ташкил карда шуданд.

Дар соли 1959 бонкҳои махсусгардонидашудаи мавҷудбуда барҳам дода шуда, вазифаҳои онҳо ба зиммаи Стройбанк ва Госбанк вогузор гардиданд. Ба Стройбанк вазифаҳои маблағгузории саноат, нақлиёт, алоқа, маблағгузории як қатор вазоратҳои ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, кооперативҳои сохтмони манзил ва сохтмони манзили инфиродӣ дар шаҳрҳою шаҳракҳои коргарон вобаста карда шуда буд.

Дар охири солҳои 80-уми асри XX Стройбанк ва Госбанк аз нав ташкил карда шуда, дар асоси онҳо Госбанки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои махсусгардонидашудаи универсалӣ, аз ҷумла, Бонки давлатии саноату сохтмони Тоҷикпромстройбанк, ки барои хизматрасонии комплексии тамоми муассисаҳои саноати ҷумҳурӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, комплекси гармию энергетикии ташкилотҳои сохтмонӣ, таъмини муассисаҳои савдою нақлиёт, инчунин корхонаҳои Вазорати алоқа пешбинӣ шуда буд, ташкил карда шуданд.

Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.


Навигариҳо


2010.08.06 | Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии ҶСК «Ориёнбонк» дар нимсолаи аввали соли 2010.
Дар Бонки марказии ҶСК «Ориёнбонк» ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк дар нимсолаи аввали соли 2010 бар...

2010.07.01 | Бурди навбатии тӯҳфаҳо бахшида ба рӯзи Ваҳдат
21 июни соли 2009 дар телевизиони «Сафина» бурди навбатии тӯҳфаҳо барои амонатдорони депозити мӯҳлатноки «Бурднок», бахш...

2010.04.22 | Мусобиқа оид ба минифутбол
Аз 5 март то 15 апрели соли ҷорӣ байни сохторҳои дохилии Ориёнбонк мусобиқа оид ба футбол баргузор гардид. Мусобиқа ба&#...

2010.04.16 | Ҷоми бонкхо дар шаҳри Турсунзода
Аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ дар шахри Турсунзода бахшида ба чашни Наврӯзи ҳуҷастапай мусобиқаи «Ҷоми бо...

2010.04.09 | Cандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба санаи 31 марти соли 2010
Ба санаи 31 марти соли 2010 сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» 810 149 369 сомониро ташкил медиҳад. Ба санаи мазкур сохтори со&...

Ҳамаи навигариҳо >>

Барои мизоҷони корпоративӣ
Барои шахсони воқеӣ
Internet Banking
Нуқтаҳои интиқоли маблағҳо
Хизматрасониҳои ширкатҳои ҳамкор
Кори ҷамъиятӣ
Банкоматҳо ва POS-терминалҳо


    Қурби асъор

      (ба 04.09.2010)

1 EUR = 5.6514 TJS
1 USD = 4.3820 TJS
10 RUR = 1.4459 TJS

       Ҳамаи асъорҳо >>





    Равобит

ҶСК «Ориёнбонк»
734001, Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 95/1
Тел.: +992 (37) 221 05 68
        +992 (37) 221 16 98
Факс: +992 (37) 221 18 77
SWIFT: OTJK TJ22,
Telex: 201136 ORIEN TJ,
E-mail: info@orienbank.com
URL: www.orienbank.com


© ҶСК "Ориёнбонк", Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009