Саҳмдорон
ҶСК “Ориёнбонк” ҷамъияти саҳҳомии кушода буда, сармояи оинномавии эълоншудаи он ба 1 феврали соли 2009 - 300,0 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ориёнбонк, ҳамчун бонки универсалии замонавӣ, манфиатдор аст, ки дар қатори саҳмдорон, ҳамкорони стратегии худро дар соҳаҳои гуногуни бозор ва мизоҷонеро, ки хариди бастаи саҳмҳоро ҳамчун қисми барномаи ҳамкории дарозмуддати хеш дар назар доранд, бинад. Имрӯз, ба қатори саҳмдорони мо 251 корхонаи соҳаҳои гуногуни иқтисод: нақлиёт, алоқа, сохтмон, саноат, энергетика ва хоҷагии қишлоқ дохиланд.
Дар давраи ҳозира фурӯши саҳмияҳои барориши 11-ум ба қайд гирифта шудааст. Устувории молиявӣ, анъанаҳо ва таҷрибаи бои хизматрасониҳо ба муштариён, шабакаи васеи филиалҳо, ки дастрасии бонкро барои муштариён таъмин менамоянд, Ориёнбонкро барои сармоягузорон боз ҳам ҷолибтар мегардонанд. Дар соли сипаригашта шумораи саҳмдорон зиёда аз 7,5 ҳазор афзуд ва ба ҳудуди 9 – ҳазора расид. Боиси хушнудӣ аст, ки дар байни саҳмдорон ҷавонон ва аз чумла донишҷӯён зиёданд ва мо ният дорем, баҳри ояндаи ҷумҳурӣ, бо онҳо муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории муфид, муқаррар намоем.
Дар муносибат бо саҳмдорон Ориёнбонк мақсад дорад, ки сиёсати кушода барад ва принсипҳои зерини идоракунии корпоративиро риоя намояд: эҳтиром ва таъмин намудани ҳуқуқҳои баробари ҳамаи саҳмдорон, риояи ҳатмии манфиатҳои онҳо, иттилоотро сари вақт кушояд, сиёсати фаъоли коммуникатсионӣ барад, равшанӣ ва дастрасии ахборотро тибқи беҳгардонии ҳисобот ва баҳисобгириҳо баланд бардорад. Бонки мо барои ҳамкорӣ кушода аст! Дидори Шумо дар байни мизоҷон ва шарикони хеш дар ҳамкории муштарак, боиси хушнудии мо хоҳад гашт.
Cохтори саҳмдорон
ба санаи 1.02.2009 с.
- Сармояи оинномавии эълоншуда – 300 000 000,00 сомонӣ;
- Сармояи оинномавии пардохташуда – 195 446 100,00 сомонӣ;
- Шумораи умумии саҳмдорон – 8 959 нафар,
аз он ҷумла:
- шахсони ҳуқуқӣ - 251 нафар, ҳисса дар СО 49,4%;
- шахсони воқеӣ – 8 708 нафар, ҳисса дар СО 50,6%.
|