| Мӯҳтарам хонумҳо ва ҷанобон!
Мо хурсандем онҳоеро, ки бо ҶСК “Ориёнбонк” ба таври устувор ва ба манфиати тарафайн ҳамкорӣ менамоянд, ҳамчунин онҳоеро, ки омодаанд, ба оилаи калон ва доимо афзояндаи ҳамкорон ва мизоҷони бонки мо пайваст шаванд, шодбош гӯем.
Натиҷаҳои соли 2009 –ро таҳлил намуда, қайд кардан мумкин аст, ки новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бонк тавонист пардохтпазирӣ ва рақобатнокии худро дар сатҳи лозимӣ нигоҳ дорад. Ин соли фаъолияти бонк, баҳри зиед намудани хизматрасониҳои бонкӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба мизоҷон ва афзун намудани фоидаи соф ҳамчун натиҷаи ниҳоии молиявӣ равона карда шудааст.
Соли 2009 ҶСК “Ориёнбонк” дар ислоҳоти куллии сохтори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба ташаккулёбии иқтисоди бозории ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Боварӣ дорам, ки соли 2010 хамчун асоси фаъолияти бонк анъанаҳои аллакай устуворгаштаи эҳтиром нисбат ба мизоҷон ва саҳмдорон, вусъатдиҳии доимии усулҳои корӣ, омӯзиш ва ҷорӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонии фаъолияти бонкӣ гузошта мешаванд. Ориёнбонк мунтазам воситаҳои наву технологияҳои мукаммали фаъолияти бонкиро истифода намуда, пурқувват мегардад.
Ҳамин тавр, сармояи танзимшавандаи бонк дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 - 1,1 маротиба афзуд, ки ин оиди эътимоднокии бонк шаҳодат медиҳад. Дар ин даври қиёсӣ активҳои бонк ба андозаи қариб 1, 03 маротиба ва маблаѓи фоидаи соф 8,9 млн сомониро ташкил намуд.
ҶСК “Ориёнбонк” вазъи устувори ташкилоти молиявию қарзиро соҳиб гашта, дар заминаи сиёсати қарзии худ принсипи самти иҷтимоӣ доштани маблағгузории соҳаҳоеро, ки фаъолияти шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро таъмин менамоянд, ҷой дод.
Ба туфайли афзоиши базаи захиравӣ, дар натиҷаи фаъолона гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ дар воситаҳои ахбори умум ва сиёсати фоизии бомаҳорат, бонк соли 2009 имконияти васеъ намудани хизматрасониҳои қарздиҳиро ба даст овард. Дар баробари шаклҳои анъанавии қарздиҳӣ (қарздиҳӣ барои афзонидани воситаҳои асосӣ ва гардон), бонк ба муштариён қарзҳои истеъмолӣ, ломбардӣ ва нақлиётӣ, инчунин қарз дар шакли овердрафтро пешниҳод менамояд.
Имрӯз, амалӣ гардонидани интиқоли маблағҳои пулии шаҳрвандони дар қаламрави хориҷаи наздик ва дури кишварбуда тавассути низомҳои “Контакт”, “Анелик”, “Лидер”, “BLIZKO”, “FASTER” ба монанди низомҳои “Мигом” ва “Western Union” боз ҳам хеле оммавӣ гаштаанд.
ҶСК “Ориёнбонк” бањри баргардонидани боварии аҳолӣ ба амонатҳои бонкӣ диққати махсус медиҳад. Дар соли 2009 баҳри ҷалб намудани мизоҷони бештар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, кафолат додани даромад новобаста аз суръати таваррум, фоизҳои амонатгузориро баланд гардонид.
ҶСК “Ориёнбонк” узви ассосиатсияи VISA International, узви низоми пардохтии SWIFT, узви клуби таҳлилгарони бонкӣ (Русия) ва узви Палатаи савдою саноати Тоҷикистон мебошад, ки ин мақоми бонкро дар байни ташкилотҳои бузургтарини қарзию молиявӣ боз ҳам устувортар мегардонад.
Натиҷагирӣ намуда, ман мехостам ба мизоҷон – барои боварӣ, ба ҳамкорон– барои дастгирӣ ва эътимоди корӣ ва ба кормандони бонк – барои кори бомуваффақият, миннатдории самимии хешро изҳор намоям! Мехоҳам умеди хешро ба он ифода намоям, ки бештаре аз Шумоён, ки бо шарофати сайти мазкур бо фаъолияти ҶСК “Ориёнбонк” шинос гаштед, ба шӯъбаҳои кории мо омада, аз маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки мо барои мизоҷон пешниҳод менамоем, истифода мебаранд.
Бо эҳтиром ва орзуҳои нек,
Раиси ҶСК “Ориёнбонк”
Ҳасан Асадуллозода
|