Иттилоот барои сармоягузорон
Дар давоми фаъолият дар бозори молиявӣ, ҶСК “Ориенбонк” аз рӯи ҳаҷми ҷалбкунии захираҳои қарздиҳӣ ба қатори қудратмандони ташкилотҳои қарздиҳию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад.
ҶСК “Ориенбонк” мақсад дорад, ки дар оянда стратегияи аз худ намудани манбаҳои берунаи захираҳо, ҳам тибқи асосҳои алоқаманд ва ҳам бидуни онро васеъ намуда, тайёр аст, дар ин соҳа ҳамкории ба тарафайн муфидро бо сохторҳои молиявии минтақаҳои гуногуни кураи замин, ба роҳ монад.
Бонки мо боварии ҳамкорони худро қадрдонӣ намуда, фаъолияти кории хешро бо баҳисобгирии зарурияти иҷрои ӯҳдадориҳои молиявии байналхалқии худ ба роҳ мегузорад.
Мо боварӣ дорем, ки инкишофи устувори бонк фақат дар ҳолати риояи манофеи ҳамаи онҳое имкон дорад, ки дар ташаккулдиҳии натиҷаи охирини кори он ширкат меварзанд: саҳмдорон, ҳайати кормандон ва менеҷмент, таъминкунандагон, мизоҷон ва ҷомеа.
ҶСК “Ориенбонк” тибқи принсипҳои идоракунии корпоративӣ, ки мувофиқи онхо бонкҳои калонтарини ҷаҳонӣ амал менамоянд, фаъолият менамояд. Ориенбонк тавассути принсипҳои шаффофият ва самимияти иттилоотӣ муносибати хешро бо ҷомеа ба роҳ мемонад.
|